Ҳамчунин рӯзи 8-уми феврал Назирбек Борубоев, намояндаи махсуси ҳукумати Қирғизистон дар масоили сарҳадӣ низ дар мусоҳибае бо расонаҳои дохилии ин кишвар гуфтааст, ки “Қаламрави обанбори Торткӯл ва наҳри он то ҳол мувофиқа нашудааст ва корҳо дар ин замина идома дорад.”
На тарафи Тоҷикистон ва на аз Қирғизистон дақиқ нагуфтаанд, ки ин чӣ наҳресту чӣ ном дорад ва аз куҷо мегузарад, аммо зоҳиран сухан дар бораи наҳри печидае меравад, ки аз дохили ноҳияи Исфара низ ҷорӣ мешавад.
Ёдовар мешавем, ки танишҳо байни сокинони минтақаҳои наздисарҳадии ин ду кишвар солҳост, ки идома дорад ва ин муноқишаҳо дар нуқтаҳои номуайянии марзҳо сар мезанад, ки то ҳол даҳҳо захмӣ ва кушта аз ду ҷониб ба ҷо гузоштааст.
Байни Тоҷикистон ва Қирғизистон 976 километр марзи муштарак вуҷуд дорад, ки аз ин шумор танҳо 504 километри он таъйин ва аломатгузорӣ шудааст. Боқӣ 472 километри дигари марзи давлатии миёни ду кишвар аломатгузорӣ нашуда номуайян боқӣ мондааст.