Пеш аз ин ба рӯзи 5-уми апрели соли ҷорӣ бархе фаъолони ҷомеаи маданӣ, аз он ҷумла падару модари Малола Юсуфзай, барандаи Ҷоизаи Нобел бо роҳандозии як иқдом дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз Толибон интиқод карда гуфта буданд, ки 200 (ду сад) рӯз аст, ки духтарон дар Афғонистон аз таҳсил маҳрум ҳастанд, аммо духтарони хеле аз раҳбарони Толибон дар Қатару Аморот ва Покистон таҳсили илм мекунанд.
Инчунин раҳбарони кишварҳои мухталифи дунё борҳо аз Толибон интиқод карда, гуфта буданд, ки бояд шароити дарс хондан барои духтаронро фароҳам созанд ва нагузоранд, ки онҳо аз таҳсил маҳрум бимонанд.
Ҳамзамон Дафтари Намояндагии Созмони Миллали Муттаҳид дар Афғонистон ҳам маҳрумияти духтарон аз таҳсилро “такондиҳанда” хонда гуфта буд: “дар дунё танҳо як режим аст, ки духтаронро аз таҳсил маҳрум мекунад.”
Раҳбарони Афғонистон ва фоъолони ҷомеаи мадании он низ аз замони сари қудрат омадани Толибон, ки ба истилоҳи худашон “ба сабиби узри шаръӣ” рафтани духтарон ба мактабу донишгоҳҳоро манъ карда буданд, ҳамеша мавриди интиқод қарор дода буданд.
Аммо ахиран, Муҳаммадтақӣ Усмонӣ, муовини Дорулъулуми Карочии Покистон бо ирсоли номае ба раҳбари Толибон Мулло Ҳибаттуллоҳ Охундзода таҳсили духтаронро як амри шаръӣ ва яке аз заруратҳои замони муосир дониста, аз вай хоста буд, ки “ба хотири пешгирӣ аз таблиғоти манфӣ алайҳи Аморати исломӣ дар дунё” тибқи талаботи шаръӣ лозим аст, ки духтарон ба мактабу мадрасаҳо ҷалб карда шаванд.