Дар робита ба наҳваи муборизаҳои худ раҳбари Ҷамбаҳи муқовимати миллӣ гуфтааст, ки айни замон бо истифода аз равишҳои ҷангии падараш Аҳмадшоҳи Масъуд меҷанганд. Муборизаҳои онҳо низ аз нигоҳи тактикӣ чирикӣ сурат мегиранд ва то кунун нерӯҳои Толибон ҳеч муваффақияте дар саркӯби онҳоро ҳосил накардаанд.
Писари Қаҳрамони Миллии Афғонистон дар идома гуфтааст, ки то кунун нерӯҳои ҷабаҳаи таҳти раҳбариаш аз ҷониби ҳеч кишваре мавриди ҳимоят қарор нагирифтаанд, ҳама он чи ки дар ихтиёр доранд, бо кумаки мардуми Афғонистон ба дасти онҳо расидааст. Ва бо ҳамин имконот дар чанд вилоят масруфи ҷанг ҳастанд.
Гуфта мешавад, аз замони дубораи сари қудрат омадани Толибон дар Афғонистон зиёда аз як сол мегузарад ва дар ин муддат Ҷабҳаи муқавимати миллии Афғонистон бо раҳбарии Амҳад Масъуд, ки камтар аз як сол аз таъсиси он мегузарад, ба устухоне дар гулӯи Иморати исломӣ табдил шудааст.