Жирнов дар суҳбат бо хабаргузории “ТАСС” гуфта, ки тасмими Русия барои ба расмият шинохтани ҳукумати Толибон бо пешниҳоди Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия ва таъйиди Владимир Путин, раисҷумҳури Русия гирифта шудааст.
Реклама / Advertisement
Сафири Русия дар Кобул ин иқдомро нишонаи тамоюли Русия барои барқарории гуфтугӯҳо ва оддисозии равобити дипломатии Русия ва Афғонистон донистааст.
Вазорати корҳои хориҷии Русия низ ба таври ҷудогона ба хабаргузории “ТАСС” гуфта, ки ҳукумати Толибон ба таври расмӣ аз тарафи Маскав шинохта шудааст. Ва Толибон аллакай сафири расмии худро ба Маскав фиристодаанд.
Муҳаммад Суҳайл Шоҳин, намояндаи Толибон дар Қатар мегӯяд, акнун пас аз тасмими Русия кишварҳои бештаре моро ба расмият хоҳанд шинохт.
Аммо собиқ ҳукуматдорони Афғонистон ва раҳбарони гурӯҳҳои мухолифи Толибон аз ин иқдоми Русия ибрози нигаронӣ намуда, гуфтаанд, ки оддисозии равобит бо Толибон, ки қаблан ҳамчун гурӯҳи террористӣ шинохта мешуд, боиси ривоҷи ноамнӣ дар ҷаҳон хоҳад шуд.
Аммо бархе таҳлилгарон бар ин назаранд, ки чун Амрико ҳукумати Сурия ва хусусан раҳбари он Аҳмад Шаръро расман эътироф кард ва ҷунбиши ӯро аз феҳристи “гурӯҳҳои террористӣ” хориҷ кард, Русия низ дар муқобил чунин тасмимеро бо Толибон гирифт.