Имрӯз 16 июл сардори Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон Абдумаҷид Муминзода дар нишасти матботӣ ба хабарнигорон гуфт, ки гароншавии газ бар зарари худи тоҷирон низ ҳаст, зеро эҳтимол дорад истифодабарандагон аз газ ба бензин гузаранд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аксари худравҳо, аз ҷумла таксиҳо бо гази моеъ ҳаракат мекунанд. Дар ин чанд рӯзи ахир яку якбора газ аз 3.20 с. ба 4.40 с. расид, ки ин боиси гарон шудани роҳкиро ва дигар хидматрасониҳои нақлиётӣ гардид.
Бино бар иттилои Хадамоти зиддиинҳисорӣ арзиши аслии як литр газ дар бозори дохилӣ 3 сомонию 20 дирамро ташкил медиҳад. Дар баробари гарон шудани он гурӯҳҳои кории Хадамоти зиддиинҳисорӣ ба санҷиши як қатор ширкатҳои воридкунандаи газ корро оғоз кардааст.