Вале як манбаъ аз Ҳукумати ноҳияи Шаҳритус ба “Аздо тв” ба шарти зикр нашудани номаш гуфт, “Ин бозор ба ном ба ихтиёри Тоҷикматлубот қарор дорад ва дар тақсимоти ҷойҳои тоҷирон, на ба Тоҷикматлубот ва на Раиси ноҳия дахл дорад, онҳо ҳеҷ коре карда наметавонанд, зеро дар паси ҳамаи ин корҳо Муҳиб Асадуллозода додарарӯси раиси ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, ки дар Шаҳритус бе иҷозаи ӯ касе як хасро аз ҷояш ҷумонда наметавонад”.
Шояд ба хотири интихоботи дар пешистода ҷойҳои тоҷиронро се чор метр неву ду метри тақсим кунанд, вале боз агар Ҳоҷи Муҳиб розиги диҳад, агар ӯ не гӯяд, касе коре карда наметавонад, мегӯяд манбаи мо.
Айни ҳол дар ноҳияи Шаҳритус ду бозор фаъол аст, бозори марказӣ ва бозори “Ином”. Чанд сол пеш моликони бозори “Ином” бар сари тақсими бозор бо Муҳибулло Саъдуллоев, ба таъбири худаш “номардбошу зинда бош” баҳс доштанд, ки дар натиҷа молики асосии бозори “Ином” Абдуллоев барои чанд сол равонаи зиндон шуд.
Оташсӯзӣ дар бозори марказии ноҳияи Шаҳритус 28-уми майи имсол рух дод. Тоҷирон мегӯянд, мақомот ба онҳо ваъдаи сабукӣ дар пардохти андозу баҳраҳои бонкӣ доданд, аммо нагуфтанд, ҷуброни зарарро кӣ пардохт мекунад. Мақомот зиёни сӯхтор дар бозори марказии ноҳияро беш аз 4 миллион сомонӣ (400 ҳазор доллар) ҳисоб карда буданд.