Русия дар талоши барқарор кардани равобит бо Толибон аст ва мехоҳад ҳамаи гурӯҳҳои этникии Афғонистон дар идораи кишвар ба таври комил ширкат кунанд. Ба қавлибархе расонаҳои ғарбӣ, Путин дар вохӯрӣ бо президенти Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе таъкид кардааст, ки Русия мехоҳад дар идораи ҳукумати Афғонистон тамоми ақаллиятҳои қавмии он кишвар ҳамроҳ бошанд. Хадамоти матбуотии президенти […]
Кормандони AZDA TV· 30.06.2022
Русия дар талоши барқарор кардани равобит бо Толибон аст ва мехоҳад ҳамаи гурӯҳҳои этникии Афғонистон дар идораи кишвар ба таври комил ширкат кунанд.
Ба қавлибархе расонаҳои ғарбӣ, Путин дар вохӯрӣ бо президенти Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе таъкид кардааст, ки Русия мехоҳад дар идораи ҳукумати Афғонистон тамоми ақаллиятҳои қавмии он кишвар ҳамроҳ бошанд.
Хадамоти матбуотии президенти Русия низ хабар дода, ки Путин бо ишора ба Афғонистон гуфтааст, Русия ҳама корро анҷом медиҳад, то вазъ дар ин кишвар ба эътидол ояд. “Мо талош мекунем бо нерӯҳои сиёсие, ки вазъиятро пурра назорат мекунанд, равобит барқарор кунем”, – гуфтааст Президенти Русия.
Реклама / Advertisement
Ин ҳам дар ҳолест, ки ҳарчанд Русия Толибонро расман ҳамчун гурӯҳи “ифротгаро” ва “терруристӣ” шинохтааст, аммо қаблан намояндаи Толибонро ба ҳайси намояндаи расмии кишвари Афғонистон пазируфта буд. Инчунин ҳайъати Толибон дар Форуми иктисодии байналмиллалии Санкт-Петербург низ ширкат варзиданд.