Завқибек Саидаминӣ, рӯзноманигори зиндонии тоҷик, ки бо иттиҳомоти сохтаи мақомот ба 7 соли зиндон маҳкум шуда буд, бо навиштани шикояти касатсионӣ аз Додгоҳи шаҳри Душанбе хостааст, ки ҳукмашро бекор кунанд.

Завқибек Саидаминӣ, рӯзноманигори зиндонии тоҷик, ки бо иттиҳомоти сохтаи мақомот ба 7 соли зиндон маҳкум шуда буд, бо навиштани шикояти касатсионӣ аз Додгоҳи шаҳри Душанбе хостааст, ки ҳукмашро бекор кунанд. Бино ба иттилои “Коллаж аз “Азия- Плюс” Ин рӯзноманигори зиндонӣ аз Додгоҳи шаҳри Душанбе хостааст, ки бо назардошти мавҷуд будани духӯрагиҳои зиёд дар рафти тафтиши […]
Завқибек Саидаминӣ, рӯзноманигори зиндонии тоҷик, ки бо иттиҳомоти сохтаи мақомот ба 7 соли зиндон маҳкум шуда буд, бо навиштани шикояти касатсионӣ аз Додгоҳи шаҳри Душанбе хостааст, ки ҳукмашро бекор кунанд.

Ёдовар мешавем, ки Завқибек Саидаминӣ 8-уми июли соли ҷорӣ аз ҷониби кормандони Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи ВКД дар шаҳри Ваҳдат боздошт шуд.
Баъдан 3-уми ноябри соли ҷорӣ Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ин рӯзноманигори тоҷикро барои 7 сол равонаи зиндон кард. Ӯ дар суханони охиринаш ҳама иттиҳомоти эълошударо рад карда буд.
Гуфта мешавад, мақомот ӯро дар ҳамкорӣ бо Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва “Гурӯҳи 24” муттаҳам мекунад. Аммо худи ӯ борҳо ин иттиҳомотро рад кардааст.
Ҳамзамон ҲНИТ ва ҳам “Гурӯҳи 24” низ бо интишори баёнияҳое иттиҳомоти эълоншуда алйҳи Саидаминиро, ки ҳамкорӣ бо ин гурӯҳҳои мухолифи ҳукумат гуфта мешавад, рад карда, онро парвандаи сохтаи дасти мақомот номида буданд.
Мақомоти Тоҷикистон дар пайи як амалиёти махсус тобистони соли ҷорӣ чанд рӯзноманигор, аз ҷумла Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Далери Имомалӣ, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, Завқибек Саидаминӣ, Муҳаммади Султон, Улфатхоним Мамадшоева ва чанд нафари дигарро боздошт карданд.
Боздошти ин рӯзноманигорони тоҷикро созмонҳои ҳуқуқӣ ва ҳимояи рӯзноманигорон маҳкум карда, борҳо озодии бечуну чарои онҳоро аз Ҳукумати Тоҷикистон талаб карданд, вале мақомоти тоҷик мисли ҳамеша ин дархостҳоро нодида гирифт.