Ӯ Толибонро ба он муттаҳам кард, ки ба гурӯҳҳои террористӣ паноҳ додааст ва онҳоро ҳамаҷониба ҳимоят мекунад.
Раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон иддао кард, ки мо аз Толибон наметарсем ва мо ҳам мисли онҳо то 100 ҳазор муҷоҳид дорем. Ӯ афзуд: “мо агар хоҳем, ки ба Афғонистон дахолат кунем, метавонем Толибонро дар муддати 1 моҳ аз Афғонистон нест мекунем.“
Ӯ дар бораи ҷамъияте гуфт, ки бо номи “Шикорчиён” маъруф аст ва ба иддаои ӯ ин ҷамъият аз 350 ҳазор нафар иборат буда ва зиёда аз 200 ҳазори онҳо “снайпер”-и то 5-10 километрро мезадагӣ доранд. “Онҳо аз дурӣ оҳуро мезананд, “о шиками ғафси Гулбиддинро зада наметавонанд ё пешонии паҳни ӯро тираш намерасад?”, – мегӯяд ӯ.
Усмонзода ҳамчунин кишвари Афғонистонро як давлатӣ террористӣ ва экстремистии навпайдо дар харитаи дунё номид, ба тамоми давлатҳо хатар дорад.
Изҳороти тунди раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон дар ҳолест, ки мақомоти Тоҷикистон пайваста аз хатари Толибон мегӯянд ва размоишҳое бо ҳузури нерӯҳои Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) дар марз бо Афғонистон мегузаронанд.
Инчунин аз сӯи дигар Толибон аз роҳҳои ғайрирасмӣ низ борҳо Тоҷикистонро аз мавқеи тунди гирифтааш нисбати Толибон ва ҳимоят аз мухолифони онҳо таҳдид мекунад ва аз оғози даргирӣ ва ҷанге байни Афғонистон ва Тоҷикистон ҳушдор медиҳад.