Аммо бархе сокинон мегӯянд, шояд ба сурати муваққат ин муноқиша ҳанӯз ба поён расида бошад, вале дар асл ҳамоно даҳҳо нафар аз мақомот ва марзбонони ҷониби Қирғизистон дар хеле аз минтақаҳои наздисарҳадӣ дар ҳолати омодабош қарор доранд ва маълум нест, ки ин омодабошии онҳо ба хотири ҳамлаҳои навбатӣ аст ва ё он, ки мақсаду ниятҳои дигаре доранд.
Ба гуфтаи онҳо, пас аз он, ки дирӯз дар ин минтақа задухурде сурат гирифт, хеле аз сокинони минтақаҳои ҳаммарз бо Қирғизистон аз тарси он, ки мабодо аз нав даргириҳо оғоз ва шиддати ҷангҳо зиёдтар шавад, аз хонаву кошонаҳои худ фирор кардаанд. Аз он сӯи марз бошад, як рӯз пеш аз ин мақомоти Қирғизистон сокинони бархе минтақаҳои ҳаммарзро ба ҷойҳои дигар интиқол дода буданд.
Гуфта мешавад, пеш аз ин байни мақомоти Русия ва Қирғизистон радду бадалҳое сурат гирифта буд ва ба гуфтаи бархе коршиносон ин эҳтимол ҳам вуҷуд дорад, ки дар ноором кардани марзҳо, бахусус байни Тоҷикистон ва Қирғизистон дасти сеюме ҳам вуҷуд дошта бошад. Зеро, дар ҳоли ҳозир интиқоли маводи мухаддир ба сурати тронзит аз хоки Афғонистон ба тариқи Тоҷикистону Қирғизистон ба дигар кишварҳо хеле кам шудааст ва ин омил, ки дар гузашта борҳо сабаби танишҳои марзӣ шуда буд, ҳоло дигар қариб, ки вуҷуд надорад.