
Шумори муҳоҷироне, ки дар шашмоҳаи аввали соли 2020 аз Тоҷикистон бо ҳадафи кор ба хориҷа сафар кардаанд, 57 дарсад кам шудааст. Ин оморро Гулрӯ Ҷабборзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар нишасти хабарии рӯзи 23 июл эълон кардааст.
Хонум Ҷабборзода гуфтааст, дар тӯли нимсолаи аввал беш аз 129 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон бо ҳадафи кор ба хориҷа сафар карданд ва ин омор назар ба ҳамин давраи соли гузашта беш аз 170 ҳазор нафар кам мебошад.
Гулрӯ Ҷабборзода ин ҳолатро бо пандемияи коронавирус дар кишварҳои мизбони муҳоҷирон ва баста шудани марзҳои кишварҳо рабт дод. Русия макони аслии кору даромади шаҳрвардони Тоҷикистон ба шумор меравад ва дар солҳои қаблӣ, бино ба ҳисобҳои ғайрирасмӣ, соле ҳудудан як миллион шаҳрванди Тоҷикистон дар ин кишвар дар ҷустуҷӯи кор қарор дошт. Ӯ гуфтааст, дар нимсолаи аввал беш аз 90 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба ватан баргаштанд. Вазири меҳнати Тоҷикистон нагуфтааст, ки дар ин давра барои коҳиши шиддати бекорӣ дар кишвар ба чи иқдомоте даст зада ва чи қадар ҷойҳои корӣ ташкил дода шудааст. Афзун бар ин дар сурати идомаи чунин шароит сарнавишти мардум ва хонаводаҳои тоҷик, ки тӯли ин 28 соли истиқлолият вобастаи Русия шудаанд чи хоҳад шуд?