Акс аз ТоҷикТА Ба иттилои Вазорати молияи Ҷумҳури Тоҷикисон Дар мудатти 8 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми умумии буҷети давлатии Тоҷикистон 14 млрд. 352 млн сомониро ташкил додааст, ки 2,6% камтар аз нақшаи тасдиқшуда мебошад. Ин бар ин маъност, ки дар ин давра ба “ҳамёни асосӣ”-и кишвар ҳудуди 400 млн сомонӣ (наздики 39 млн доллар) камтар […]
Кормандони AZDA TV· 18.09.2020
Акс аз ТоҷикТА
Ба иттилои Вазорати молияи Ҷумҳури Тоҷикисон Дар мудатти 8 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми умумии буҷети давлатии Тоҷикистон 14 млрд. 352 млн сомониро ташкил додааст, ки 2,6% камтар аз нақшаи тасдиқшуда мебошад.
Ин бар ин маъност, ки дар ин давра ба “ҳамёни асосӣ”-и кишвар ҳудуди 400 млн сомонӣ (наздики 39 млн доллар) камтар маблағ ворид гардидааст.
Ҳиссаи андоз дар буҷети давлатӣ 68%-ро ташкил медиҳад, сабаби камбуди буҷет асосан ба коҳиши маблағи воридшаванда аз андоз аз даромад ва андоз аз фоида гуфта мешавад.
Реклама / Advertisement
Вобаста ба коста гардидани буҷети ҷумҳурӣ маблағгузорӣ ба бахши ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ, саноат ва сохтмон, фаъолияти дигари иқтисодӣ ва хизматрасониҳо кам карда шудааст.