Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин зимни суханронии худ қайд кардааст, ки ҳамкории муштарак дар чаҳорчӯби барномаи нави “Чин – Осиёи Марказӣ” ва абзори дигар муҳим арзёбӣ мегардад ва дар рушду тақвияти шарикони стратегии миёни кишварҳои минтақа нақши муҳим мебозад.
Реклама / Advertisement
Бо ишора ба вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳонӣ бар асари интишори ҳамагирии COVID-19, Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон аз ҳамтоёни худ даъват кард, ки барои пешгирии баъдии сирояти коронавирус ва барқарор кардани рушди устувори иҷтимоию иқтисодии кишварҳои минтақа чораҳои муассир андешида шаванд.
Ӯ аз кишварҳои иштироккунанда даъват ба амал овард, то дар мубориза бо паёмадҳои ҳамагирӣ бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳои мавҷуда муттаҳид шаванд. Ӯ барои ёрӣ ва дастгирии Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Тоҷикистон дар мубориза бо шуюи коронавирус изҳори сипос кард.