Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон имрӯз 23 апрел бо пахши баёнияе гуфт, ба Табаров Руслан, ки бо шиносномаи тоҷикӣ дар Ҷумҳурии Чехия ҷиноят содир намуда ва дар ҷустуҷӯ қарор дорад, шиноснома надодааст. Табаров дар таркиши анбори силоҳ дар Чехия муттаҳам мешавад.
“Аз рӯи ахбороти расонавӣ вобаста ба таркиши анбори силоҳ дар Ҷумҳурии Чехия маълум гардидааст, ки гӯё яке аз ду нафар гумонбарон бо шиносномаи хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Табаров Руслан Ҳалимович содир карда бошад, чунин хабар медиҳем, ки тибқи маълумоти махзани ягонаи шиносномаҳои Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № М005947 аз 25 02.2011, аз ҷониби Вазорати корҳои дохилӣ ва воҳидҳои он дар шаҳру ноҳияҳо ба шаҳрванд Табаров Руслан Ҳалимович санаи таваллудаш 23 октябри соли 1975, шиноснома дода нашудааст”, омадааст дар хабари ВКД-и Тоҷикистон
Ҳамчунин Вазорати корҳои дохила қайд мекунад, ки ҳеч дархости расмие аз сохторҳои давлатии Ҷумҳурии Чехия ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин хусус ворид нагардидааст.