Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ки дирӯз баъд аз эълони оташбас низомиёни қирғиз ба масҷиду мактаб низ ҳамла карданд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар додааст, ки баъд аз эълони оташбас “чархболҳои ҳарбӣ ва ҳавопаймоҳои бесарнишини зарбазанандаи (Қирғизистон) манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон ва иншооти ҷамъиятии Тоҷикистонро ҳадафи ҳамлаи ҳарбӣ қарор додааст, ки дар натиҷа сокинони осоишта ба ҳалокат расидаанд.”
Инчунин Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҷониби Қирғизистонро “ба аҳдшиканӣ” муттаҳам карда гуфтааст, “16 сентябри соли 2022, тахминан соати 17:20-дақиқа, дар ҷамоати деҳоти «Овчӣ-Қалъача»-и ноҳияи Б.Ғафуров бо истифода аз ҳавопаймои бесарнишин масҷиди ҷомеъ, ки дар паҳлӯи МТМУ №8 ҷамоати деҳоти Овчӣ-Қалъача ҷойгир аст, хароб карда шудааст. Ҳамчунин дар ин минтақа даҳҳо хонаҳои истиқоматии шаҳрвандон, марказҳои хизматрасонӣ, нақлиёти ҷамъиятиву шахсӣ мавриди ҳамлаи ҳарбиву низомӣ қарор гирифтааст.”