СИЁСАТ ҶАҲОН

Задухӯрд миёни ҷонибдорони Исроилу Фаластин дар Ҳоланд

Рӯзи панҷшанбе дар ҷараёни мусобиқоти футбол дар Амстердам миёни ҳаводорони тими футболи "Маккаб"-и Телавив ва ҷонибдорони мардуми Фаластин даргирӣ рух дод.

Задухӯрд миёни ҷонибдорони Исроилу Фаластин дар Ҳоланд

Рӯзи панҷшанбе дар ҷараёни мусобиқоти футбол дар Амстердам миёни ҳаводорони тими футболи “Маккаб”-и Телавив ва ҷонибдорони мардуми Фаластин даргирӣ рух дод.

Бино ба гузориши расонаҳои ҳоландӣ, дар ин даргирӣ беш аз 10 нафар захмӣ шуда ва пулиси Амстердам то кунун 62 нафарро боздошт кардааст.

Гуфта мешавад, дар пайи ин ҳодиса Сарвазири Исроил Бинёмин Натанёҳу рӯзи ҷумъа ду ҳавопаймои имдодӣ ба Ҳоланд фиристод, то ҳаводорони тими футболи кишварашро, ки дар даргириҳои Амстердам захмӣ шудаанд, ба Исроил баргардонад.

Натанёҳу дар баёнияе ин ҳодисаро “Ваҳшатнок” хонда, аз давлати Ҳолланд хоста, ки алайҳи омилони он чора биандешад. Инчунин вазири хориҷаи Исроил аз давлати Ҳоланд талаб карда, ки амнияти шаҳрвандонашро ҳангоми баромадан аз меҳмонхонаҳо то фурӯдгоҳ таъмин кунад.

Расонаҳои Ҳоланд дар шарҳи ин ҳодиса мегӯянд, як рӯз пеш аз ин даргирӣ парчами Фаластин аз рӯи як сохмтон тавассути ҷонибдорони Исроил бардошта ва сипас оташ зада шуд. Ин кор хашми ҷонибдорони мардуми мазлуми Фаластинро ба вуҷуд овард ва шоми панҷшанбе бо ҳаводорони тими футболи Исроил даргир шуданд.

Гуфта мешавад, пеш аз ин даргирӣ гурӯҳе аз ҳомиёни ҳуқуқ аз пулиси Амстердам иҷозати гирдиҳамоии эътирозӣ бар зидди омадани тими футболи Исроилро доштанд ва мебоист берун аз майдони футбол ин гирдиҳамоӣ ташкил шавад. Вале баъди ин даргирӣ пулис макони гирдиҳамоиро иваз кардааст.

Мавзӯъҳои марбут

This site is registered on wpml.org as a development site. Switch to a production site key to remove this banner.