Дипломати тоҷик гуфт, бо мақомоти курд, ки урдӯгоҳҳоро зери назар доранд, мулоқот кардаанд ва онҳо ваъда додаанд, ки барои баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон кӯмак мерасонанд.
Ҳамчунин рӯзи 7-уми декабр як зани тоҷик аз урдӯгоҳи Рож ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки се сол боз дар ин паноҳгоҳ аст ва бори аввал бо мақомоти тоҷик аз наздик суҳбат кард.
Он зан иброз доштааст, ки шавҳарашро дар ҷанг куштаанд ва худаш ба нерӯҳои курд таслим шудааст ва ҳоло бо як фарзандаш дар урдӯгоҳи Рож зиндагӣ мекунад.
Рӯзи 5-уми декабри соли равон Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон хабар дода буд, ки дар мулоқот бо намояндагони Салиби Сурх ва Файсал ал-Миқдод, вазири корҳои хориҷӣ ва муҳоҷирини Сурия, сафири Тоҷикистон Зубайдулло Зубайдзода, “масъалаи баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон аз урдугоҳи ал-Ҳавлро баррасӣ кардааст”.
Бино ба иттилои нашр гардида дар урдӯгоҳи ал-Ҳавл ва ал-Ҳасакаи Сурия зиёда аз 500 зану кӯдаки тоҷик нигаҳдорӣ мешаванд.