Занони тоҷик аз паноҳгоҳҳои Сурия: моро ба ватан баргардонед!
Як гурӯҳ аз занони тоҷик, ки ҳамсарони ҷангҷӯёни тоҷики узви ДОИШ мебошанд, аз Эмомалӣ Раҳмон хостаанд, то онҳоро аз паноҳгоҳи “Ал‑Ҳавл”‑и Сурия зудтар ба ватан баргардонад. Ба иддаои ин занон онҳо бо фишори шавҳарон ва бе дарки дақиқи ин амал ба Сурия рафтаанд. Ба навиштаи Радиои Озодӣ, дар ҳоле занон аз фишору фиреби шавҳарон мегӯянд, […]
Кормандони AZDA TV· 11.06.2021
Як гурӯҳ аз занони тоҷик, ки ҳамсарони ҷангҷӯёни тоҷики узви ДОИШ мебошанд, аз Эмомалӣ Раҳмон хостаанд, то онҳоро аз паноҳгоҳи “Ал‑Ҳавл”‑и Сурия зудтар ба ватан баргардонад.
Ба иддаои ин занон онҳо бо фишори шавҳарон ва бе дарки дақиқи ин амал ба Сурия рафтаанд. Ба навиштаи Радиои Озодӣ, дар ҳоле занон аз фишору фиреби шавҳарон мегӯянд, ки баъзе аз онҳо бо шавҳаронашон ҳамандеш буда, рафтан ба ҷабҳаи ҷанги мазҳабиро дониста интихоб кардаанд.
Гуфта мешавад, ин занон баъд аз шикасти гурӯҳи тундрав аз се то чаҳор соли охир бо кӯдакони хурдсол дар паноҳгоҳҳои Сурия қарор доранд. Шумораи умумии занону кӯдакони тоҷик дар онҷо наздик ба 600 нафар ҳисоб шудааст.
Ӯ ҳамчунин дар идома қайд намуд, ки “дар ин бора супориши раҳбари давлат аст ва он ҳатман иҷро хоҳад шуд.”
Ёдовар мешавем, ки Ҳукумати Тоҷикистон соли 2019 беш аз 80 кӯдаки ҷангҷӯёни ДОИШ‑ро аз Ироқ баргардонд ва эълон кард, ки занону кӯдаконро аз Сурия низ бармегардонад. Аммо бо гузашти 2 сол ин ваъда иҷро нашудааст.