Зеленский: Мо Қримро бо ҳар роҳе бошад, бозпас мегирем
Расиҷумҳури Украина Владимир Зеленский дар изҳороте гуфт, бо вуҷуди афзоиши зарбаҳои мушакии Русия, кишвараш тасмим гирифтааст, тамоми қаламравҳои аз дастрафтааш, аз ҷумла Қримро бозпас гирад. Акс аз Хадамоти матбуоти Президенти Украина Зеленский рӯзи 24-уми ноябр дар мусоҳиба бо “Financial Times” таъкид кард, ки дар марҳилаи аввал талош мекунад баргардонидани Қрим бо роҳи мусолиматомез ва ғайринизомӣ […]
Расиҷумҳури Украина Владимир Зеленский дар изҳороте гуфт, бо вуҷуди афзоиши зарбаҳои мушакии Русия, кишвараш тасмим гирифтааст, тамоми қаламравҳои аз дастрафтааш, аз ҷумла Қримро бозпас гирад.
Акс аз Хадамоти матбуоти Президенти Украина
Зеленский рӯзи 24-уми ноябр дар мусоҳиба бо “Financial Times” таъкид кард, ки дар марҳилаи аввал талош мекунад баргардонидани Қрим бо роҳи мусолиматомез ва ғайринизомӣ сурат бигирад, вале дар акси ҳол бо роҳҳои низомӣ ҳам омодааст ин корро анҷом диҳад.
Ёдовар мешавем, ки Русия соли 2014 дар ҳамлаи мушобеҳ ба ҳамлаҳои имсолааш ба Қрими Украина ҳуҷум кард ва пас аз ишғоли он бо аҳолияш барои ба хоки Русия пайваст шудан ҳамапурсӣ гузаронд. Сипас Қримро ҷузъи хоки худ эълон кард. Аммо то ҳол Созмони Миллали Муттаҳид ва аксар кишварҳо онро расман ҷузъи хоки Русия эътироф накардаанд.