Воридоти маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ беш аз 411 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 27% зиёд аст. Бино ба иттилои Агентии омори кишвар, воридоти маҳсулоти нафтӣ аз рӯи нарх ба андозаи 80% боло рафта, 338,5 млн долларро ташкил додааст. Ҳиссаи маҳсулоти нафтӣ дар ҳаҷми умумии […]
Кормандони AZDA TV· 29.08.2022
Воридоти маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ беш аз 411 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 27% зиёд аст.
Бино ба иттилои Агентии омори кишвар, воридоти маҳсулоти нафтӣ аз рӯи нарх ба андозаи 80% боло рафта, 338,5 млн долларро ташкил додааст.
Ҳиссаи маҳсулоти нафтӣ дар ҳаҷми умумии воридоти Тоҷикистон дар моҳҳои январ-июли соли ҷорӣ то 12,2% афзоиш ёфтааст. Дар ҳамин давраи соли 2021 он 8,5 фоизро ташкил медод.
Реклама / Advertisement
Asia-Plus дар истинод ба Хадамоти зиддиинҳисории кишвар хабар медиҳад, ки Тоҷикистон ҳудуди 90 дарсади маҳсулоти нафтиро аз Русия, тақрибан 6% аз Қазоқистон ва як қисми нисбатан ками онро аз Узбекистон, Белоруссия ва Озарбойҷон харидорӣ мекунад.
Тоҷикистон аз соли 2013 ба таври имтиёзнок (бидуни пардохти боҷи гумрукӣ) аз Русия маводи сӯзишворӣ мехарад. Яке аз шартҳои асосии таҳвили имтиёзноки маҳсулоти нафтӣ аз Русия ба кишварҳои сеюм дубора содирот нашудани он мебошад.