Беш аз 97% мардум хостори барканории Мирзонаботов ва Назарзода шуданд
Ҷамъе аз сокинони Вилояти Мухтории Кӯҳистони Бадахшон бо ирсоли як номаи боз ба Президент Эмомалӣ Раҳмон аз вай талаб кардаанд, ки раиси вилоят ва раиси шаҳри Хоруғро аз мансабҳояшон барканор кунад. Дар ин нома, ки дар пойгоҳи телеграмии ‘‘Pamirdaylynews’‘ нашр шудааст, сокинон таъкид мекунанд, ки бо вуҷуд пароканда шудани иштирокчиёни гирдиҳамоии эътирозии сокинон аз майдони […]
Ҷамъе аз сокинони Вилояти Мухтории Кӯҳистони Бадахшон бо ирсоли як номаи боз ба Президент Эмомалӣ Раҳмон аз вай талаб кардаанд, ки раиси вилоят ва раиси шаҳри Хоруғро аз мансабҳояшон барканор кунад.
Дар ин нома, ки дар пойгоҳи телеграмии ‘‘Pamirdaylynews’‘ нашр шудааст, сокинон таъкид мекунанд, ки бо вуҷуд пароканда шудани иштирокчиёни гирдиҳамоии эътирозии сокинон аз майдони Исмоилии Сомонии шаҳри Хоруғ, боз шудани хиёбони марказӣ ва ба эътидол овардани тарбиботи ҷамъиятӣ мақомот ба ваъдаҳои худ амал намекунанд.
Дар ин нома сокинон таъкид мекунанд, ки раиси вилоят Алишер Мирзонаботов ва раиси шаҳри Хоруғ Ризо Назарзода намехоҳанд бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамкорӣ кунанд ва ба ваъдаҳои худ дар мавриди барқарор кардани алоқаи молибӣ ва интернет дар вилоят амал кунанд. Ва аз Президент хостаанд, ки раиси вилоят ва шаҳри Хоруғ ҳарду аз мансабҳояшон сабукдӯш шаванд.