Кабиров дар ин нишаст дар мавзуи: “Tajik Journalists in Exile: Challenges, Opportunities, and Risks” (Рӯзноманигорони тоҷик дар табъид: душвориҳо, фурсатҳо ва таҳдидҳо) суханронӣ кард.
Реклама / Advertisement
Суханронии мудири Azda TV бештар ба вазъияти рӯзноманигорони тоҷик дар табъид бахшида шуда буд, вале ӯ суханро бо ёде аз рӯзноманигорони зиндонии тоҷик оғоз кард. Ӯ аз вазъи занони рӯзноманигори зиндонии тоҷик Улфатхоним Мамадшоева ва Рухшона Ҳакимова ёдовар шуд.
Гуфта шуд, ки ҳукумати Тоҷикистон бо як бераҳмии зиёд ва бо иттиҳомоти бофта ва дурӯғ ин бонувони рӯзноманигорро пушти дарҳои баста муҳокима карда, Улфатхоним Мамадшоеваро барои 21 сол ва Рухшона Ҳакимоваро барои 8 сол аз озодӣ маҳрум сохт. Бар илова, кӯдаки ширхораи Ҳакимоваро аз ӯ ҷудо сохт.
Ҳамчунин аз рӯзноманигорони дигари зиндонии тоҷик низ ёд шуд, аз ҷумла: Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода, Аҳмад Иброҳим, Далер Имомалӣ, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, Хуршед Фозилов, Абдулло Ғурбатӣ, Завқибек Саидаминӣ, ва Хушрӯз Чумяев, ки ҳамаи онҳо бо иттиҳомоти бофта ва муҳокимаҳои ноодилона равонаи зиндон шудаанд. Таъкид шуд, ки танҳо гуноҳи онҳо иҷрои вазифаи касбии рӯзноманигорӣ ва баён кардани воқеиятҳои ҷомеа буд.
Дар симпозиум бештар муҳаққиқон ва устодони донишгоҳҳо суханронӣ карданд ва натиҷаҳои таҳқиқоташонро дар бораи рӯзноманигорони табъидии Русия, Сурия, Никарагуа, Туркия ва дигар кишварҳо бо ширкаткунандагон дар миён гузоштанд.
Кабиров рӯзи 21-уми май дар суҳбат ба Azda TV гуфт, ки “Мутаассифона, дар бораи рӯзноманигорони зиндонии Тоҷикистон ва рӯзноманигорони дар табъид маълумот хеле кам аст. Дар доираи коршиносони умури расона ва рӯзноманигорони ғарбӣ низ дар ин бора огоҳии кофӣ вуҷуд надорад.”