Дар аксҳое, ки сомонаҳои ҳукуматӣ нашр кардаанд, дар баробари Раҳмонов ва ҳайати расмиаш, духтар ва домоди раисҷумҳур, Рухшона Эмомалӣ, сафири Тоҷикистон дар Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ ва Шамсулло Соҳибов, раҳбари ширкати монополист “Фароз” дида мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзи 22-уми апрел бо сафари расмӣ дар Италия қарор дорад. Зимни сафараш Раҳмонов бо президент ва сарвазири ин кишвар мулоқот карда, 7 санади нав ба имзо расондаанд.
Мухолифони тоҷик дар назди намояндагиҳои Италия дар кишварҳои аврупоӣ алайҳи сафари ӯ гирдиҳамоӣ ташкил карданд. Аъзои “Гурӯҳи 24” хостанд дар шаҳри Рум низ эътироз кунанд, аммо аз ҷониби пулиси Италия барои 26 соат боздошт гардида буданд.
Эмомалӣ Раҳмон дар ҳоле ба яке аз кишварҳои аврупоӣ ва демократӣ сафар кард, ки созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи башар борҳоҳукумати Тоҷикистонро худкома номида, ӯро барои поймолкунии ҳуқуқу озодҳои мардум, набуди озодии баён ва вуҷуди садҳо зиндонии сиёсии дар кишвар, танқид мекунад.
Ҳамзамон мухолифони тоҷик пеш аз сафари ӯ ба ин кишвари аврупоӣ бо нашри изҳороте аз мақомоти Италия ва дигар кишварҳои Аврупо хоста буданд, ки президенти худкома ва диктаторро пешвоз нагиранд ва мисли дигар прездиентҳои кишварҳои ИДМ алайҳи ӯ низ таҳрим ҷорӣ кунанд.