Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон ҳафтаи гузашта “Номаҳои табодулӣ байни Тоҷикистон ва Чин”-ро тасдиқ кард, ки заминаи ҳуқуқиро барои сохтмони иншооти нави сарҳадӣ бо сармояи Чин фароҳам месозад.
Муродалӣ Раҷабзода, муовини аввали раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар назди вакилон гуфтааст, ки баъд аз анҷоми расмиёти зарурӣ, ҷониби Чин дар марзҳои Тоҷикистон ба маблағи тақрибан 425 миллион юан (ҳудуди 61 миллион доллар) иншооти сарҳадӣ бунёд мекунад.
Ҷузъиёти дақиқи тарҳ ва навъи иншооти пешбинишуда то ҳол эълон нашудааст, аммо Раҷабзода таъкид кардааст, ки ҳадаф аз ин иқдом таҳкими бештари шарикии стратегии ду кишвар ва тақвияти ҳифзи марзҳои давлатӣ мебошад.