Имрӯз, 9-уми август Насридин Низомзода, сардори Раёсати тафтишоти Ожонсии зидди фасоди Тоҷикистон аз дуздии буҷети давлатӣ тавассути Вазорати дифоъ хабар дод.
Низомзода зимни нишасти хабарӣ гуфт, дар натиҷаи тафтиши фаъолияти молиявӣ дар Вазорати дифои Тоҷикистон дар маҷмуъ 123 миллиону 972 ҳазор сомонӣ азхудкунии маблағи буҷет ошкор карда шуд ва дар ин робита 9 парвандаи ҷиноятӣ ба Додгоҳи олӣ фиристода шудааст.
Ба гуфтаи ин мақомдори кишвар, пулҳои дуздидашуда бояд барои либосу хӯрок ва нигоҳубини сарбозон ва барои муҳофизати амнияти кишвар сарф мешуд, аммо аз ҷониби масъулони Вазорати дифо ин ҳаққи сарбозони кишвар дуздида шудааст. Ӯ мегӯяд, дар робита ба азхудкуни пули давлат дар Вазорати дифоъ, нисбат ба 52 нафар парвандаи ҷиноӣ боз шуда, ба додгоҳ фиристода шудааст ва тафтиши пешакии қисме аз парвандаҳо идома дорад. “Аз маблағи беш аз 123 миллион сомонӣ то ҳол 93 миллион сомонияш ба будҷаи давлат баргардонад шудааст”, – гуфт Низомзода.