Бино ба иттилои расмӣ, рӯзи 19–уми октябри соли 2023 дар дарозои марзҳои Тоҷикистон бо кишварҳои ҳамсоя 24 адад дидбонгоҳи нави сарҳадӣ ба истифода дода шуд.
Ба қавли манбаъ, дар расми ифтитоҳи ин дидбонгоҳҳои нави сарҳадӣ Президент Эмомалӣ Раҳмон, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Саймумин Ятимов, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва дигар афроди расмӣ ҳузур доштанд.
Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон хабар дод, ки Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон “тавасути таҷҳизоти видеоӣ – онлайнӣ дидбонгоҳҳои сарҳадиро дар ноҳияҳои Лахш, Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон, ноҳияҳои Рӯшон, Ишкошим, Мурғоб ва шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба истифода” додааст.