Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, як зани 33-солаи сокини ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд ба сабаби фишори зиёди хусуру хушдоманаш худро ба дор овехта, ҷон бохтааст.
Мақомоти Вазорати корҳои дохилӣ мегӯянд, нисбати хусури 65-сола ва хушдомани 63-солаи ин зан парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 109 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз шудааст. Аммо маълум нест, ки гумонбаршудагон дар боздоштанд ва ё дар озодӣ.
“Гумонбаршавандагон аз соли 2021 то инҷониб нисбати келинашон, зани 33-солаи сокини ҳамон ҷо суханҳои кабеҳ гуфта, мунтазам шаъну шарафашро паст задааанд, ки дар натиҷа ҷабрдида 17-уми ноябри соли 2023, тахминан соати 11:10-дақиқа, дар хонаи истиқоматиашон худро бо роҳи доркашӣ ба ҳалокат расонидааст.”, омадааст дар хабари ВКД.