Шоҳида Маҳмадҷонова, пизишки собиқ ва модари блогери тоҷик Шерзод Маҳмадҷонов, маъруф ба Абдурраҳмон-09, аз зиндони занонаи шаҳри Норак озод шудааст. Ба гуфтаи писараш, ӯ пас аз чор солу панҷ моҳи боздошт ва ҳабс бар асоси қонуни нави афв раҳо шудааст.
Шоҳида Маҳмадҷонова соли 2022 бо иттиҳоми ҷонибдорӣ аз созмонҳои мамнуъ ва ҳамчунин бар асоси моддаи 307 иловаи 3 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон “ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ” ба шаш соли зиндон маҳкум шуда буд. Ӯ ба ҷонибдорӣ аз ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” мутҳам буд. Он замон наздиконаш ва ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” ин иттиҳомро рад карда, боздошти ӯро сиёсӣ гуфта буфта буданд.
Писараш Шерзод Маҳмадҷонов, ки дар Аврупо зиндагӣ мекунад, ба Раидои Озодӣ гуфтаааст, модараш ҳангоми адои ҷазо аз дарди сутунмуҳра ранҷ мекашид ва шароити муносиби табобат надошт. Ӯ аз озод шудани модараш истиқбол карда, гуфтааст, ки акнун барои табобати ӯ талош хоҳад кард.