Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон бо супориши Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 28-уми августи соли ҷорӣ ба шаҳри Москваи Федератсияи Русия сафар кард.
Бино ба иттилои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилаи кишвар, Рамазон Раҳимзода дар рафти ин сафар бо ҳамтои русаш Владимир Колоколсев вохӯрӣ намуда, масъалаҳои ҳамкории ду вазорат дар мавриди будубоши муҳоҷирони корӣ, мушкилот, ҳифзи ҳуқуқ ва пешгирии қонуншиканиҳо нисбати онҳоро баррасӣ хоҳанд кард.
Гуфта мешавад, тайи чанд моҳи охир муҳоҷирони корӣ, аз ҷумла зодагони Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои Русия бо тафтишу боздошт ва бадрафторӣ нисбати онҳо аз ҷониби мақомоти интизомии Русия рӯбарӯ ҳастанд.