Бархе мепурсанд, ки чаро ҳеч мақоме дар кишвар, аз ҷумла Кумитаи забон ва истилоҳот ва ё дигар ниҳодҳои фарҳангӣ ва забонӣ аз ин иштибоҳоте, ки ба шахсият ва ҳувияти як инсон ва шаҳрванди Тоҷикистон марбут аст, чашмпӯшӣ мекунанд.
Аксари корбарон ин мушкилиро “мушкилии доғи рӯз” дониста, таъкид кардаанд, ки мақомот бояд аз паси ислоҳи он бошанд ва бояд кадрҳои босаводе, ки аз забон ва фарҳанги тоҷикӣ огоҳ бошад онҷо масъул таъйин кунанд.
Корбаре бо номи Зебунисо Одил менависад: “Дар ноҳияи Айнӣ ин беморӣ чанд сол давом карда истодааст. Ба ҷойи номи падар номи духтара менависанд. Баъд дар вақти аваз кардан миллион ҳуҷҷату чанд ҳазор сум мегиранд. Боз илова бар ин, як сол қариб медавонанд.“
Ҳамзамон корбари дигаре иддао карда, ки кормандони Хадамоти шиносномадиҳии ВКД саводи кофӣ надоранд, аввал номро бо ҳуруфи русӣ мегардонанд ва сипас онро бо ҳарфҳои англисӣ менависанд, ки дар натиҷа иштибоҳи бсиёр дағал мешавад. Ва ин амали онҳоро як “навъи тиҷорати калонҳо” ном гузоштаанд.