29-уми марти соли ҷорӣ Белгия, Ирландия ва Нидерландия ҳам эълон карда буданд, ки дар пасманзари ҳамалоти ваҳшиёнаи Русия ба Украина 43 дипломати русро ихроҷ мекунанд.
Аммо Дмитрий Медведов, собиқ президент ва муовини раиси Шӯрои амнияти Русия қавл дода, кипосухи Русия нисбати ин кишварҳо ҳамсон хоҳад буд. Вай афзуда, бо вуҷуди он ки ин кор “барои равобити дуҷониба харобиовар аст”, дипломатҳои аврупоӣ бояд кори нав ҷустуҷӯ кунанд. Дар баробари ин, дар Русия, ба гуфтаи Дмитрий Анатолевич, чизе дигар намешавад.”
Пеш аз ин, 22-уми марти соли 2022 Станислав Зарин, Сухангӯи Хадамоти амнияти дохилии Лаҳистон ба хабарнигорон гуфта буд, ки ин ниҳод “45 нафар аз афсарони Хадамоти махфии Русия ва афроди муртабит ба онҳоро, ки дар Лаҳистон мақоми дипломатӣ доранд, шиносоӣ кардааст.” Инчунин кишварҳои Литва, Латвия, Эстония, Булғористону Словакия ва Ҷумҳурии Чех ҳам аз даҳҳо дипломати рус хоста буданд, ки хоки кишварҳояшонро тарк кунанд.
Муносибати аксари кишварҳои ҷаҳон, ба хусус давлатҳои узви Иттиҳоди Аврупо пас аз оғози ҳамлаи Русия ба Украина тира шуд ва дар муддати 40 рӯзи ахир равобити ин кишварҳо бо Русия рӯз то рӯз сардтар мешавад.
Ҳамзамон мақомоти Украина, кишварҳои ғарбӣ бо шумули Амрико, Олмону Фаронса ва Бритония нерӯҳоиРусияро ба наслкушӣ дар шаҳраки Бучаи Украина муттаҳам карданд. Аммо мақомоти Русия ин иттиҳомро рад карда, мегӯянд, ки ин кори дастгоҳи таблиғотии Киев алайҳи Маскав мебошад.